Хабарҳо
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21
Рӯзи ягонаи ахбор: «Солимии ҷомеа-кафили рушди Тоҷикистон» - 27.04.2017 11:19
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23

Дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ тантанаҳои наврӯзӣ оғоз ёфт

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

imДар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ тантанаҳои наврӯзӣ оғоз ёфт.Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ сокинони деҳаи Палдорак Наврӯзро  ҳар сол аз дигар манотиқи кишвар пештар, рӯзи 8 – уми март истиқбол ва таҷлил менамоянд.

Дар чорабиниҳои идонаи мардуми деҳа раиси ноҳия Ғайрат Азиззода иштирок намуда, сокинон ва меҳмононро  ба муносибати ин иди  ҷаҳонӣ табрик гуфт. Ғайрат Азиззода таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз бо тамоми суннатҳояш комилан эҳё гардида, ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Тибқи анъанаи мардуми ин минтақа дар ин рӯз гуштини наврӯзӣ баргузор гардид, ки  дар он паҳлавонҳо аз навоҳии вилояти Суғд иштирок доштанд. Пухтани хӯрокҳои миллии наврӯзӣ ба монанди суманак, кашк, нони бо ҳалво ва оши палав дар тарафи дигари майдон зеббахши ин ҷашни фархунда буд. Як хусусияти дигари Наврӯзи ин деҳа дар он аст, ки ҳамаи сокинони он субҳи наврӯзиро бо либосҳои миллии идона, оростани дастархон, табрики ҳамдигар ва аёдати беморон истиқбол мегиранд.

Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шинохтаи ноҳия суруру шодии ҷашнро дучанд намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ тантанаҳои наврӯзӣ оғоз ёфт