Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

«Тарзи ҳаёти солим - омили муҳими рушди маориф» - ҳамоиш бахшида ба “Соли ҷавонон”

( 0 Овоз )

Бахшида ба “Соли ҷавонон” дар филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим - омили муҳими рушди маориф» мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро директори филиали донишкада Муҳаммадҷон Исматдинов оғоз бахшида, роҷеъ ба аҳмияти ташкилу баргузории ҳамоиш, тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон ҳарф зад. Зикр гардид, ки дар ҳифзи саломатӣ тарзи зисту зиндагии инсон нақши муҳим мебозад.

Сипас, дар мавзӯҳои «Масъулияти шахс ва ҷомеа дар тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Тарзи ҳаёти солим ва омилҳои он», «Мафҳуми «тарзи ҳаёти солим» ва «тарзи ҳаёти носолим», «Сиёсати давлатии ҷавонон ва масоили ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Рушди тафаккури иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омили ташаккулдиҳандаи тарзи ҳаёти солим», «Таъсири мутақобилаи муҳит ва ҷомеа (муҳити солим-ҷомеаи солим: омилҳои субъективӣ ва объективӣ)», «Фарди солим – поягузори ҷомеаи солим», «Таъсиргузории тарзи ҳаёти солим дар ташаккули ҷисмонӣ ва рӯҳию равонии ҷомеа, ҷавонону наврасон», «Самтҳои муҳими тарбия дар ташаккули ҳаёти солими насли наврас» суханрониҳо шунида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Тарзи ҳаёти солим - омили муҳими рушди маориф» - ҳамоиш бахшида ба “Соли ҷавонон”