Хабарҳо
Маркази саломатии “Оббурдон” ғолиби озмуни ноҳиявӣ шуд - 18.08.2017 14:08
16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд - 18.08.2017 14:06
Суғд: Истеҳсоли семент нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 маротиба зиёд шуд - 18.08.2017 09:13
Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад - 18.08.2017 08:35
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ба анҷом расид - 17.08.2017 14:23
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ /АКСҲО/ - 17.08.2017 13:37
Суғд: 37 корхонаи нав бо 371 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд - 17.08.2017 10:17
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд ба 5,1 млрд. сомонӣ расонида шуд - 17.08.2017 10:10
24 август Фестивал-озмуни “Оши палав” баргузор мешавад - 17.08.2017 09:51
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50

Айнӣ. Бо ташаббуси сокинон вазъи роҳи мошингард беҳтар гардид

( 0 Овоз )

Наздик як киломерт роҳи мошингарди деҳаи Саратоғи ноҳия Айнӣ, ки дар ҳолати ногувор қарор дошт, ба эътидол оварда шуд.

Дар ин бора аз ҷамоати деҳоти Фондарё иттилоъ дода афзуданд, ки дар ин амали хайр саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сокинони деҳаҳои Саратоғ, Ҳайронбед, Фатмев ва дигар шахсони хайрхоҳ назаррас мебошад.

Барои анҷоми корҳо бештар аз 16 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Ба таъкиди раиси кумитаи маҳал дар деҳаи Саратоғ Исрофил Ёқубзода бо дастгирии роҳбарияти муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия техникаҳои зарурӣ саривақт ба ҷойи кор сафарбар гардида, таъмири роҳ анҷом дода шудааст.

Ба таъкиди сокинони маҳал беҳтар гардидани ҳолати роҳ барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафту омади бемонеаи онҳо мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Айнӣ. Бо ташаббуси сокинон вазъи роҳи мошингард беҳтар гардид