Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Мастчоҳ. Мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар маҳаллаи Ферегат бартараф шуд

( 0 Овоз )

Дар “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ”, ки соли равон бо ташаббуси Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ эълон шуд, дар маҳаллаи Ферегати Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо насб ва мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизоти ҳозиразамон бо харҷи қариб 1 млн. сомонӣ мардум аз мушкилоти норасоии оби тозаи ошомиданӣ раҳо ёфтанд.

Тавре аз Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд, бо дастгирии мақомоти иҷроия, сокинони маҳаллӣ ва Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи “Таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ, санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон” дар хонаҳои ҳамаи сокинони маҳаллаи мазкур обрасонҳо ва ҳисобкунакҳои замонавии об насб гардиданд.

Зимни боздид аз маҳаллаи Ферегат ва вохӯрӣ бо мардум намояндагони Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ташаббусҳои байналхалқии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти истифодаи дурусти захираҳои обӣ хеле муассир арзёбӣ намуда, қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ аз рӯи пешниҳоди Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро намунаи олии ҳамкории кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба захираҳои обӣ унвон карданд.

Зимнан, маҳаллаи Ферегати Ҷамоати деҳоти Оббурдон дорои 275 хонавода аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ. Мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар маҳаллаи Ферегат бартараф шуд