Хабарҳо
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45

Баргузории озмуни “Арӯси наврӯзӣ” дар донишгоҳҳои олии вилоят

( 0 Овоз )

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарбияи самарабахши донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи худшиносиву хештаншиносӣ, одоби оиладориву рӯзгордорӣ, озмуни маърифатӣ-зеҳнии “Арӯси наврӯзӣ” байни духтарон доир гардид.

Озмун аз рӯи чор шарт “Соҳибҷамоли наврӯзӣ”, “Соҳибхона”, “Орифа” ва “Кадбону” баргузор гардида, маҳорати донишҷӯдухтарон бо пешниҳоди либоси миллии арӯсӣ, дарзмол кардани шиму куртаи мардона ва бастани галстук, самти ҳозирҷавобӣ, омода намудани хуриши наврӯзӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.

Ҳайати ҳакамон ба ҳунару маҳорати Гулина Мардикова, донишҷӯи факултети муҳандисӣ- технологӣ баҳои баланд дода, ӯро ғолиби мутлақ эълон карданд. Номбурда  аз  ӯҳдаи ҳамаи шартҳои озмун бо сарбаландӣбаромад. Зинаҳо дигари  ифтихориро Абдуманонова Адиба, донишҷӯи факултети  муҳандисӣ- иқтисодӣ, Бобомуродова Нодира аз факултети информатика ва энергетика ва Ҳусейнова Шаҳло аз факултети сохтмон ва нақлиёт ба даст оварданд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати донишкада супорида шуд.

Озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арўси наврўзӣ» байни донишҷўёни 12 факултет ва хобгоҳҳои №2 ва №3-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ баргузор гардид ва ғолибон муайян шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории озмуни “Арӯси наврӯзӣ” дар донишгоҳҳои олии вилоят