Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Таҷлили Рӯзи Модар ва ифтитоҳи мағозаи фурӯши атласу адрас дар Ашт

( 0 Овоз )

Дар муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бо иштироки и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо, занони собиқадор ва бонувони касбу кори гуногун Рӯзи Модар таҷлил карда шуд.

Қабл аз оғозии чорабинии идона дар толори Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидов аз тарафи занони ҳунарманди ноҳия намоиши ҳунарҳои миллӣ аз қабили кашидадӯзӣ, бофандагӣ, қуроқдӯзӣ, алочабофӣ, гулдӯзӣ доир гардид, ки иштирокдорони чорабинӣ аз он дидан намуданд.

Зариф Мирдадо ҳозиринро ба Рӯзи модар шодбош намуда, зикр кард, ки “меҳри беҳамтои зан-модар ба мисоли хуршедест, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Сиришти модарон аз покиву зебоӣ, сидқу вафо, рисолати офарандагӣ ва созандагӣ бунёд гардидааст. Аз ин рӯ арҷгузорӣ ба мақому мартабаи волои модар ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ на ин ки қарзи фарзандӣ, балки яке аз суннатҳои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад”.

Барномаи рангини фарҳангии санъаткорони ноҳия ба чорабинии идона хотима бахшид.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар арафаи иди занон дар шаҳраки Шайдони ноҳия мағозаи фурӯши матои атласу адрас мавриди истифода қарор гирифт, ки минбаъд сокинон метавонанд аз он навъҳои гуногуни матоҳои миллиро дастрас намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи Модар ва ифтитоҳи мағозаи фурӯши атласу адрас дар Ашт