Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

«Зан-модар тавлидгару мураббии инсон» - чорабинии идона дар Донишкадаи иқтисод ва савдо

( 0 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи Модар дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона таҳти унвони «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори донишкада Рауф Олимӣ сухан карда, бонувонро ба муносибати ин ҷашни фархунда муборакбод намуд. Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд М. Абдулҳакимов аз номи раёсати кумитаи ҳизб бонувони донишкадаро табрик гуфта, ба якчанд занони фаъоли муассиса ифтихорномаҳои кумитаро тақдим кард.

Сипас, барномаи рангини адабӣ-фарҳангии донишҷӯёни донишкада, ки аз қироати ашъор дар васфи зан-модар ва суруду рақсҳои ҷолиб иборат буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.

Ҳамзамон, ба бонувони донишкада аз номи раёсати таълимгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон» - чорабинии идона дар Донишкадаи иқтисод ва савдо