Хабарҳо
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25
ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ” - 18.11.2017 21:23
Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 18.11.2017 17:35
Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 12:49
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ - 18.11.2017 11:39
Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 11:35
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ «Элегант» - 18.11.2017 10:05

Мулоқоти намояндагони ВАО бо донишҷӯён дар партави Паёми Пешвои миллат

( 0 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кафедраи журналистикаи факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров вохӯрии намояндагони васоити ахбори омма бо донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории донишгоҳ доир гардид.

Нахуст мудири кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ Дилбар Самадова вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо мақсади баргузории ин чорабинӣ ошно сохт.

Сипас, раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён дар бораи самтҳои алоҳидаи Паём суханронӣ намуд.

Ҳамчунин дар мулоқот сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятии “Согдийская правда” Исҳоқҷон Зокиров, “Суғд ҳақиқати” Фарҳод Ҷӯраев, муовини сармуҳаррири “Ҳақиқати суғд” Тавҳида Ҷӯраева ва устоди каедраи рӯзноманигорӣ Каримбой Комилов дар атрофи масъалаҳои мухталифи вобаста ба Паём изҳори назар карданд.

Дар ҷараёни мулоқот донишҷӯён оид ба масъалаҳои сатҳи журналистикаи касбӣ дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ, дараҷаи инъикоси маводҳои таҳлилию танқидӣ дар рӯзномаҳо, мавқеи журналистикаи чандрасонаӣ ва монанди инҳо бо намояндагони ВАО саволҳо пешниҳод намуда, посух гирифтанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти намояндагони ВАО бо донишҷӯён дар партави Паёми Пешвои миллат