Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Муаррифии ду китоби профессори тоҷик дар Ҳиндустон

( 1 Овоз )

Китоби олими тоҷик, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Fаффорова аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон таҳти унвони  «Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: «Каламот-уш-шуаро» ва «Сафинаи Хушгў» ба нашр расид.

Китоби З.Fаффорова  санаи 1 марти соли 2017 дар ҷаласаи ифтитоҳии Ҳамоиши байналмилалии шарқшиносӣ ва мутолиоти эронӣ ва семинари байналмилалии Бедили Деҳлавӣ, ки дар Донишгоҳи Алигарҳ бо иштироки сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов, сафири Эрон дар Ҳиндустон Fулом Ризо Ансорӣ, раиси Бунёди Саъдӣ доктор Ҳаддоди Одил, ройзани Ҷумҳурии  исломии Эрон дар Ҳиндустон Алии Деҳгоҳӣ ва дигарон баргузор шуд, муаррифӣ гардид. Нусхаи нахустини китобро ба олими тоҷик Замира Fаффорова ректори Донишгоҳи Алигарҳ доктор Замирушшоҳ супорид.

Бояд  қайд намуд, санаи 27 феврали соли равон дар Деҳлӣ, дар ройзании Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳиндустон шашумин давраи ҷоизаи Саъдии Шерозӣ бо иштироки раиси Бунёди Саъдӣ Ҳаддоди Одил баргузор шуд, ки дар он сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов, сафири Эрон дар Ҳиндустон Fулом Ризо Ансорӣ, иштирок доштанд. Дар ин  барнома фаслномаи  «Қанди порсӣ», ки шумораи №71-72 –юми он таҳти унвони «Вежаномаи профессор Замира Fаффорова» ба нашр расид, муаррифӣ шуд.

Интишор ва муаррифӣ шудани ду китоби Замира Fаффорова дар Ҳиндустон саҳифаи равшан дар равобити илмии Тоҷикистону Ҳиндустон аст. Ҳанўз соли 2011 китоби Замира Fаффорова «Ҷониби Ҳиндустон ояд ҳаме» дар Деҳлӣ ба нашр расида буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Муаррифии ду китоби профессори тоҷик дар Ҳиндустон