Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Ба ғолибони озмунҳои «Муаллими сол - 2016»ва «Мураббияи сол - 2016» 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд

( 0 Овоз )

Бахшида ба фарорасии ҷашни Рӯзи Модар дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо иштироки собиқадорони маориф, омӯзгорони фаъол, ғолибони давриву шаҳрии озмунҳои муаллими солу мураббияи сол чорабинии идона баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ифтихори ҷашни бонувон қироат намуд.

Номбурда дар идомаи суханронии худ аз таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумат нисбати маориф ёдовар шуда, таъкид дошт, ки аз шумори умумии омӯзгорону мураббиягон беш аз 22 ҳазор бонувон дар соҳаи маориф заҳмати софдилона мекашанд васарварии беш аз 200 мактабҳои вилоят бар дӯши занон аст. Ғолибияти Замира Рустамова, омӯзгори забон ва адабиёти мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар озмуни «Муаллими сол - 2016» ва Заррина Рӯзиева, мураббияи Кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Мураббияи сол - 2016» нишонаи пешрафти соҳаи омӯзгорӣ дар вилоят мебошад.

Сипас, Назира Ғаффорӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Раиси вилоятро ба омӯзгорону мураббияягони вилоят дар вазъияти тантанавӣ супорид. Аз ҷумла, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии муаллими сол ва мураббияи сол бо тӯҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 5  ҳазор сомонӣ, омӯзгорону мураббияҳое, ки дар даври вилоятии озмунҳо мақоми шоистаро гирифтанд, бо яхдону чангкашак, телевизору мошини ҷомашӯйӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сари хони густурда омӯзгорон аз шеъру сурудҳои толибилмони вилоят дар васфи зан-модар баҳраи беш бардоштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба ғолибони озмунҳои «Муаллими сол - 2016»ва «Мураббияи сол - 2016» 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд