Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31

Мулоқоти шаҳрдори Исфара бо донишҷӯён дар шаҳри Душанбе

( 1 Овоз )

Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо донишҷӯёни исфарагие, ки дар макотиби олию касбии шаҳри Душанбе мехонанд, мулоқот кард.

Мулоқоти мазкур дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир шуда, дар он беш аз 300 нафар донишҷӯён ва собиқадорони Исфара, ки муқими пойтахт ҳастанд, ширкат намуданд.

Бино ба гуфти мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Исфара Субҳиддин Шаропов қабл аз мулоқот дидорбинӣ аз ҳолу аҳволи донишҷӯёни дар хобгоҳҳо зиндагидошта сурат гирифта, дар раванди он ба 130 нафар донишҷӯён бо маводи хӯрока ёрмандӣ карда шуд. Инчунин 60 нафари дигар бо маблағҳои пулӣ дастгирӣ ёфтанд.

Дар мулоқот раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ оид ба зарурияти табрияи кадрҳои ҷавони баландихтисос, оянда бо ҷойҳои доимии корӣ дар Исфара таъмин намудани онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва диққати хоса додан ба ҷавонон дахл намуд. Изҳор дошт, ки ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатии Исфара ба кадрҳои баландпоя ниёз дошта, донишҷӯёнро зарур аст, ки ҳамаи нозукиҳои пешаи интихобкардаашонро аз худ намоянд. Зеро онҳо оянда пешбарандаи ҷомеа мебошанд.

Гуфтанист, ки мулоқоти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти шаҳрдори Исфара бо донишҷӯён дар шаҳри Душанбе