Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Баргузории конфронс бахшида ба қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

( 0 Овоз )

Қабули бомуваффақияти қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, ки бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Прзедиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, боиси ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон гардид.

Бахшида ба ин рӯйдоди фараҳбахш бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки сарварони мактабҳои олии вилоят, олимону муҳаққиқон, устодону коршиносони соҳа ва  донишҷӯён баргузор шуд.

Дар конфренсия раиси шаҳри Хуҷанд  Шарифзода Шариф Файз суханронӣ намуда, зикр намуд, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти бузург дорад. Зеро захираҳои обӣ,  идоракунии захираҳои обӣ, тақсимоти захираҳои обӣ ва таъмини сокинони сайёра бо оби ошомиданӣ проблемаи глобалии ҷаҳони муосир мебошад.

Дар конфренсия ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон доир ба оқилона истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об барои рушди устувор”, Садриддин Абдураҳимов,  профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯиИстифодаи интегратсионии оби ширин”,  устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Толмас Сайфуллоев дар мавзӯи “Истеҳсоли босуботи озуқаворӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ”, мутахассиси пешбари Раёсати ҳифзи муҳити зист Бахтиёр Ёқубов дар мавзӯи “Масъалаи ҳалталаби экология дар вилояти Суғд”, намояндаи  КВД “Хуҷандобуканал” Р. Бурҳонов дар мавзӯи  “Таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд”  баромад карда, баробари ибрози андешаҳо дар ҳаллу фасли мавзӯот оид ба   муҳимият ва арзиши баланди эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  ибрози назар намуданд.

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни баромади хеш таъкид дошт, ки азбаскиДонишкадаи политехникӣ мутахассисони соҳаи энергетика ва агротехнологияро ба хоҷагии халқ омода мекунад,  муҳимияти ин қатъномаро устодон ва шогирдони донишкада ба хубӣ эҳсос кардаанд.

Дар донишкада бо ҷалби мутахассисон ва устодон як конференсияи илмӣ доир ба ин мавзӯъ доир гардида, устодон дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ вазифаи муҳим», «Ташаббусҳои умумибашарии Тоҷикистон оид ба об» ва «Об барои рушди устувор» маърӯзаҳои ҷолиб намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конфронс бахшида ба қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»