Хабарҳо
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21
Бо мақсади тарғиби моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот доир шуд - 24.07.2017 10:19
Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили “Кадбону” баргузор гардид - 24.07.2017 10:16

Беш аз 500 нафар хонандагони макотиби миёна бо шароити таҳсил дар Донишкадаи иқтисод ва савдо шинос шуданд

( 0 Овоз )

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид ва беш аз 500 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Истиқлол бо шароити таҳсил дар донишкада аз наздик шинос шуданд.

Хатмкунандагони макотиби миёна бо имконият ва шароити таҳсилу илмомӯзӣ ошно шуда, аз толорҳои лексионии замонавӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, компютерӣ ва интернет, толори фитнес ва варзишии замонавӣ, маркази таълими забонҳои хориҷӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ дидан карда, ҳамчунин, дар дарсҳои профессорон ва омӯзгорони ботаҷриба ширкат варзиданд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ҳамзамон, бо дастовардҳои илмӣ, таълимӣ, варзишӣ ва байналмилалии донишкада шиносоӣ пайдо намуда, дар дарсҳои гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ иштирок карданд.

Дар толори калони бинои таълимии асосии донишкада бо хатмкунандагон мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот директори донишкада дотсент Рауф Олимӣ суханронӣ карда, хонандагонро ба муассиса хайрамақдам гуфт. Тариқи слайд ба онҳо факултаҳо, кафедраҳо, ихтисосҳо ва дастоварду имконияти таҳсил дар донишкада намоиш дода шуд, ки хатмкунандагон имкон пайдо карданд, то ба аъзои раёсат суолҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас шунаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Беш аз 500 нафар хонандагони макотиби миёна бо шароити таҳсил дар Донишкадаи иқтисод ва савдо шинос шуданд