Хабарҳо
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41

«Рӯзнома аз нигоҳи ҷавонон» - мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

( 0 Овоз )

Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом таҳти унвони “Рӯзнома аз нигоҳи ҷавонон” мизи мудаввар доир гардид.

Дар мизи мудаввар котиби матбуотии раиси шаҳр Парвина Абдуллоева,  раиси созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи маҳаллии «Садои Конибодом» Абдусаттор Содиқов, муовини раиси шӯрои собиқадорони шаҳр Исмоилҷон Юсупов, рӯзноманигори озод Зайниддин Орифӣ ширкат варзиданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Парвина Абдуллоева иброз дошт, ки мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргузории силсилаи чорабиниҳоро бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола санаи 11 март дар қаламрави кишвар таҷлил мегардад, доир намуда истодааст. Ӯ баргузор намудани вохӯриву мулоқоти озоди ҷавононро бо кормандони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ, аз ҷумла, бо ҳайати эҷодии рӯзномаи «Садои Конибодом» махсусан дар «Соли ҷавонон» лозиму саривақтӣ шуморида, таъкид намуд, ки чунин имконият на ҳама вақт ба ҷавонон даст медиҳад ва бояд аз ин фурсат пурсамар истифода баранд.

Сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Садои Конибодом» Абдусаттор Содиқов перомуни таърихи рӯзнома ҳарф зад. Вай ҳамзамон ҷавононро бо чанд нусха шумораҳои аввали рӯзнома ошно кард, ки таҳти номҳои «Болшевики Конибодом», «Роҳи Сталин» ва «Машъали Коммунизм» рӯи чоп омадаанд.

Рӯзноманигор Зайниддин Орифӣ, муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Исмоилҷон Юсупов, собиқадори матбуот Қумриҷон Ғаниева аз вижагиҳои фаъолият дар соҳаи матбуот, ҳамкорӣ бо идораи рӯзномаи «Садои Конибодом», инъикоси ҳаёти халқ, бахусус, собиқадорони ҷангу меҳнат дар шумораҳои рӯзнома ҳарф заданд.

Ҷавонон дар доираи мавзӯи «Рӯзнома аз нигоҳи ҷавонон» андешаронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати рӯзнома пешниҳодҳо  карданд, ки аксарият аз ҷониби сармуҳаррири рӯзнома пазируфта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Рӯзнома аз нигоҳи ҷавонон» - мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик