Хабарҳо
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон асоси сифатнокии маҳсулоти бозор аст

( 0 Овоз )

Дар асоси қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз 25 ноябри соли 2011 ҳамасола 15-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил карда мешавад.

Бо ин мақсад, бо ташаббуси Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ваколатдори соҳавӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мулоқот баргузор гардид. Муовини директори донишкада оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гулчеҳра Аҳророва меҳмононро хайрамақдам гуфта, мақсади мулоқотро ба ҳозирин иброз кард.

Дар вохӯрӣ намояндаи Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Машарипов Д. Э., намояндаи Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суғд Аҳророва М. А., намояндаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Маҷидов Ҳ., намояндаи Маркази стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдои вилояти Суғд Хоҷаев С. Б. ва роҳбари филиали ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Некбахти Орзу иштирок ва суханронӣ карда, оид ба паҳлӯҳои муҳими ҳуқуқи истеъмолкунандагон маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

Донишҷӯён баъди фарҷоми суханрониҳо ба мутахассисон суолҳо пешниҳод карда, ба онҳо посухҳои мушаххас шуниданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон асоси сифатнокии маҳсулоти бозор аст