Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

“Рушди криминалистика дар ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – конфронс дар Донишкадаи иқтисод ва савдо

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ санаи 28-уми феврал дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба Рӯзи криминалистикаи тоҷик конфронси илмӣ-назариявии вилоятӣ баргузор гардид.

Конфронс таҳти унвони «Рушди криминалистика дар ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  сурат гирифта, онро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия Тӯрақул Ризоқулов ифтитоҳ кард.

Конфронс дар ҷаласаи умумӣ ва се бахш гузаронида шуда, дар он мутахассисони соҳаи криминалистикаи вилояти Суғд ширкат варзиданд. Ҳамзамон, ҷаласаҳо дар бахшҳои криминалистика ва ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт, таърих ва ҷомеашиносӣ баргузор гаштанд, ки дар онҳо 42 маърӯзаҳои илмӣ-назариявии соҳавӣ шунида шуд.

Дар фарҷоми конфронс донишҷӯёни донишкада бо асбобу воситаҳо, ки барои бурдани тафтишоти криминалистӣ истифода мешаванд, аз наздик шиносоӣ пайдо карда, ба мутахассисон суолҳо пешниҳод карданд ва посухҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “Рушди криминалистика дар ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – конфронс дар Донишкадаи иқтисод ва савдо