Хабарҳо
Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Гулистон 100 фоиз иҷро шуд - 28.04.2017 11:04
Бинои Маркази минтақавии хизматрасонӣ барои пиронсолон ва маъюбон пас аз таҷдид ба истифода дода шуд - 28.04.2017 10:57
Зариф Мирдадо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт интихоб гардид - 28.04.2017 10:54
Баргузории иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 28.04.2017 10:50
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21

Ғолибони озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоятро мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми то 7 ҳазор сомонӣ интизор аст

( 0 Овоз )

Бахшида ба “Соли ҷавонон”  эълон гардидани соли  2017 дар асоси қарори Раиси  вилояти Суғд аз  28 феврали соли 2017, № 85 дар миқёси вилоят озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон доир хоҳад шуд.

Озмуни  ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят шурӯъ аз моҳи март то ноябри соли ҷорӣ дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология,  энергияи барқароршаванда,  таҷҳизоти мошинсозӣ,  маркшейдерия,  металлургия,  кӯҳкорӣ,  техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ  баргузор мегардад.

Мутобиқи низомномаи ин озмун дар он наврасон ва ҷавонони то синни 30 – сола ҳуқуқи иштирок доранд ва ғолибони озмун пас аз анҷоми давраи ниҳоӣ муайян гардида, бо тӯҳфаҳои молӣ дар ҳаҷми аз 2 то 7 ҳазор сомонӣ кадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳадаф аз ташкили озмуни мазкур  рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ,  дарёфти истеъдодҳо  дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоятро мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми то 7 ҳазор сомонӣ интизор аст