Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Шиносоии муовини якуми вазири кишоварзӣ бо рафти омодагиҳо ба мавсими кишт дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Спитамен айни ҳол 120 адад трактори нармкунанда, 153 адад ядаки тракторӣ ва 87 адад тухмипошакҳо ба мавсими имсолаи кишт омода мебошанд.

Ин нукта зимни шиносоии раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим, муовини аввали Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанинзода Нусратулло Бодом ва сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Хайрулло Бобоҷонзода бо рафти омодагии техникаҳои соҳаи кишоварзӣ баён гардид.

Зикр гардид, ки техникаҳои мазкур омода ҳастанд тибқи дурнамо ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда дар майдони 1100 га ҷуворимакка барои дон, 6000 гектар тухмиҳои аълосифати чигит, 350 гектар пиёзи баҳорӣ, 150 гектар нахӯд ва дигар намуди зироатҳоро кишт намоянд.

Масъулон ба як гурӯҳи калони механизаторони фаъол, ки ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида буданд тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҷумла телевизиор, қолин, мошини ҷомашӯӣ ва дигар тӯҳфаҳоро тақдим намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии муовини якуми вазири кишоварзӣ бо рафти омодагиҳо ба мавсими кишт дар ноҳияи Спитамен