Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:41
Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 17.11.2017 11:40
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон - 17.11.2017 11:16
Конибодом. Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17.11.2017 11:10
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар шаҳри Исфара чорабинӣ доир шуд - 17.11.2017 11:06
Таҷлили 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - 17.11.2017 11:05
Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол - 16.11.2017 11:39

Директори “Суғдсинамо”: Филми “Тангно” моҳи сентябри соли равон ба намоиш гузошта мешавад

( 0 Овоз )

Имрӯз, 1 марти соли 2017 ба таъсиси Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов ду соли пур шуд ва дар ин муддат аз ҷониби аҳли эҷоди ин киностудия панҷ филми ҳунарӣ ба навор гирифта шуд.

Муҳиддини Музаффар, директори “Суғдсинамо”, ки имрӯз дар ҳузури журналистон доир ба фаъолияти дусолаи ин киностудия сӯҳбат мекард, гуфт, ки эҷоди фазои филмофарӣ дар вилояти Суғд дар замони соҳибистиқлолӣ бесобиқа аст. Вай аз дастгириҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ёдовар шуд ва изҳори умед кард, ки филмофарӣ чун як соҳаи ояндадору даромаднок дар оянда рушд хоҳад кард. Ба андешаи ин коргардони ҷавони тоҷик, ки чандин филмҳои ҳунариро барои тамошобини тоҷик таҳия намудааст, дар самти рушди кинои миллӣ дар вилоят қадамҳои нахустин гузошта шуданд ва умед аст мактаби филмофарӣ ва ҳам тарбияи ҳунармандону бозингарони филм ташаккул ёбад.

Дилошӯб Орифзода, продюссери киностудияи “Суғдсинамо” бар ин назар аст, ки “Суғдсинамо” давоми ду соли фаъолият боварии тамошобинро ба даст овардааст. Ӯ ба истиқболи гарми тамошобинон аз филмҳои эҷоднамуди “Суғдсинамо” ишорат кард ва гуфт, ки барои тамошои филмҳои миллӣ таваҷҷӯҳи ҷомеа бештар гардидааст. Продюссери “Суғдсинамо” дар такя ба мушоҳидаҳои гурӯҳи эҷодӣ гуфт, ки ба тамошои филми “12 соли интизорӣ” теъдоди бесобиқаи бинандагон ҳузур пайдо кардаанд.

Зимнан, аз ҷониби ин киностудия то имрӯз филмҳои “Паймон”, “Коса”, “12 соли интизорӣ”, филми ҳуҷҷатии “Духтари Сайҳун” ва “Тангно” ба навор гирифта шудааст. Филми “Тангно” ҳанӯз дар тадвину таҳия қарор дорад ва интизор меравад, ки он моҳи сентябри соли равон ба намоиш гузошта шавад. Филми “Коса”-и киностудияи “Суғдсинамо” дар фестивалҳои байналмилалӣ дар Лондони Британияи Кабир, Қазони Россия ва ҳам шаҳри Душанбе иштирок ва соҳиби ҷоизаҳои вижа гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Директори “Суғдсинамо”: Филми “Тангно” моҳи сентябри соли равон ба намоиш гузошта мешавад