Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Ихтирокорони беҳтарин муайян ва бо мукофотҳо сарфароз гардиданд

( 0 Овоз )

Дар толори факултети физикаю техникаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври дуюми фестивали умумидонишгоҳии донишҷӯёни навовар ва ихтироъкор баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро дарёфти истеъдодҳои нав унвон кард.

Дар фестивал аз факултетҳои физикаю техника, математика, телекоммуникатсия ва ТИ, биология ва химия, геоэкология, молия ва иқтисодиёти бозор ва дигарон, дар маҷмӯъ 19 кори беҳтарин дар самти навовариву ихтироъкорӣ, ки дар даври якуми фестивал ғолиб омада буданд, муаррифӣ гардиданд.

Дар натиҷа ҷойи аввал ба Мафтуна Қуддусова, донишҷўйи курси сеюми факултети физикаю техника, ҷойи дуюм ба Сафо Шодиев, магистранти курси дуюми факултети телекоммуникатсия, ҷойи сеюм ба Азимҷон Муллоев, донишҷўйи курси сеюми факултети биология ва химия дода шуд.Ҷиҳати қадршиносии иштирокчиёни «Фестивали донишҷўёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» барои ҷойи аввал 500 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 300 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм  200 сомонӣ  мукофотпулӣ дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ихтирокорони беҳтарин муайян ва бо мукофотҳо сарфароз гардиданд