Хабарҳо
Мақсад: муаррифии маҳсулотҳои ватанӣ - 20.03.2017 11:09
Конфронси аввалини илмӣ-назариявии ҷавонон таҳти унвони «Нақши муассири Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» доир шуд - 17.03.2017 16:07
ЭЪЛОН: 26 март мусобиқаҳои миллии “Бузкашӣ” ва “Пойга” гузаронида мешавад - 17.03.2017 11:29
Дар Конибодом бахшида ба Иди Наврӯз консертҳои идона ва сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешавад - 17.03.2017 10:51
Адабиётшиноси маъруф Атахон Сайфуллоев аз олам даргузашт - 17.03.2017 10:26
ЭЪЛОН: Озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор мешавад - 17.03.2017 09:21
Озмуни бадеию ҳунарии “Дастагули наврӯзӣ” ҷамъбаст шуд - 17.03.2017 09:18
Баргузории чорабинии “Корвони саломатӣ” дар ноҳияи Мастчоҳ - 17.03.2017 09:17
Баргузории конфронси илмӣ-амалии «Наврўз ва ойинҳои наврўзӣ» дар китобхонаи вилоятӣ - 17.03.2017 09:14
Ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии №3 дар Исфара - 17.03.2017 09:10

Натиҷаҳои даҳрӯзинаи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” дар Бӯстон баррасӣ гардид

( 0 Овоз )

Аз санаи 15 феврал дар ҳудуди шаҳру ноҳияиҳои вилоят амалиёти профилактикии “Маданияти шаҳрдорӣ” баргузор гардида истодааст, ки он то санаи 15 март идома меёбад.

Кормандони Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар якҷоягӣ бо дигар бахшу хадамотҳои марбутаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ натиҷаҳои даҳрӯзинаи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ”-ро баррасӣ намуданд. Дар ҷаласа нахуст сардори мақомоти милитсияи шаҳр Ҳотам Дадобойзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки тасмими мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ таҳти рақами 300 аз 17 июни соли 2016 қабул гардидааст, роҳандозӣ шудааст. Номбурда афзуд, ки натиҷаҳои баргузории амалиёт дар соли гузашта шаҳодати он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан сокинони шаҳри Бӯстон аз баргузории ин чорабинии мақсаднок ва бартарафнамоии мушкилоти ҷомеа ба хушнудӣ истиқбол менамоянд.  Сипас сардори ситоди шаҳрии амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” Мурод Салимзода оид ба натиҷаҳои оперативӣ-хизматии амалиёт дар давраи 10 рӯзи аввал суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа 15 нафар шаҳрвандон, раисони маҳаллаю баланошёнаҳо, ки дар давоми 10 рӯзи баргузори амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” ҷиҳати решакан намудани кирдорҳои номатлуби ҷомеа бо кормандони милитсия ҳамкории доимӣ доштаанд бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Деваштич зимни баргузории амалиёти мазкур бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ самтҳои амалиёт мавриди коргузорӣ қарор дода шуда, дар баробари кормандони мақомоти милитсия, намояндагони бахшу хадамотҳои мақомоти иҷроияи ноҳия, мақомотҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдор, друҷиначиёни ихтиёрӣ ва фаъолони маҳал ширкат варзиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Натиҷаҳои даҳрӯзинаи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” дар Бӯстон баррасӣ гардид