Хабарҳо
Маркази саломатии “Оббурдон” ғолиби озмуни ноҳиявӣ шуд - 18.08.2017 14:08
16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд - 18.08.2017 14:06
Суғд: Истеҳсоли семент нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 маротиба зиёд шуд - 18.08.2017 09:13
Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад - 18.08.2017 08:35
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ба анҷом расид - 17.08.2017 14:23
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ /АКСҲО/ - 17.08.2017 13:37
Суғд: 37 корхонаи нав бо 371 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд - 17.08.2017 10:17
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд ба 5,1 млрд. сомонӣ расонида шуд - 17.08.2017 10:10
24 август Фестивал-озмуни “Оши палав” баргузор мешавад - 17.08.2017 09:51
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50

Дар “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” дар Хистеварз беш аз 7 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд

( 0 Овоз )

Таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ яке аз масъалаҳоест, ки зери таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вилоят қарор дорад. Ин аст, ки соли ҷорӣ бо иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Барномаи вилоятии "Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ" қабул гардид ва имрӯзҳо дар доираи ин барномаи муҳими вилоятӣ дар миқёси вилояти Суғд якчанд лоиҳаҳои судманд амалӣ гардида истодааст.

Дар доираи амалишавии яке аз чунин лоиҳаҳо, ки бо маблағгузории ҳукумати Британияи Кабир, Фонди Оғохон ва саҳми сокинон амалӣ гардида истодааст, зиёда аз 7 ҳазор аҳолии маҳаллаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.

Айни замон татбиқи лоиҳа ҷараён дорад ва сокинон низ дар кашидани хатти оби нушокӣ ба тариқи ҳашар саҳми худро мегузоранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” дар Хистеварз беш аз 7 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд