Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23
Оғози чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 25.04.2017 09:19
Спитамен: Тавассути баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ 39 нафар бо кор таъмин шуданд - 25.04.2017 09:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави таваллудхонаи марказӣ дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 13:16
Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид - 24.04.2017 13:13
Ҷамъбасти «Ҳафтаи конфронсҳои илмӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - 24.04.2017 13:09
Баргузории машварати корӣ бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 08:49
Ваҳдати миллӣ-асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон - 21.04.2017 10:25

Баргузории семинар-машварати омӯзишӣ оид ба ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Спитамен семинар-машварати омӯзишӣ оид ба ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ баргузор шуд, ки дар он раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони шӯрони занон ва кормандони марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ширкат доштанд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ки дар оғози семинар-машварат мутахассиси пешбари муассисаи эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ дар ноҳия Наргиза Қаюмова баромад намуда, оид ба вазъи марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ маълумот дод. Қайд гардид, ки айни ҳол дар ноҳия 8 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ ва 4 маркази таълимӣ-истеҳсолии қолинбофӣ фаъолият доранд.

Сипас ҳунармандони беҳтарини вилояти Суғд Каримова Салимабону, қолинбофи беҳтарин Ҷӯраев Алиҷон, адрасбофи беҳтарин Осимова Монадхон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти марказҳои таълимӣ-истеҳсолии ҳудуди ноҳия маслиҳатҳои муфид доданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории семинар-машварати омӯзишӣ оид ба ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ