Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Баргузории чемпионати вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва дзюдо

( 0 Овоз )

Тайи ду рӯзи охир толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд макони баргузории чемпионати вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва дзюдо буд.

Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Конибодом,  Панҷакент, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Масчоҳ бо ҳам дар вазнҳои мухталиф рақобат намуданд.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқа мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Дилшод Тошбоев аз дастгириҳои давлат ва ҳукумат нисбати ҷавонон ҳарф зада, эълон шудани Соли ҷавононро фоли нек арзёбӣ намуд. Ба гуфти мавсуф ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа интихоби варзишгарон ба тими мунтахаби вилоят барои мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи ин намудҳои варзишӣ маҳсуб мешавад.

Варзишгарони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Масчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров дар вазнҳои мухталиф ғолиб омада, ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории чемпионати вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва дзюдо