Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23
Оғози чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 25.04.2017 09:19
Спитамен: Тавассути баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ 39 нафар бо кор таъмин шуданд - 25.04.2017 09:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави таваллудхонаи марказӣ дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 13:16
Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид - 24.04.2017 13:13
Ҷамъбасти «Ҳафтаи конфронсҳои илмӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - 24.04.2017 13:09
Баргузории машварати корӣ бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 08:49
Ваҳдати миллӣ-асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон - 21.04.2017 10:25

Спитамен. Дар майдони 4 гектар боғи сиёҳолу бунёд мешавад

( 0 Овоз )

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзун намудани истеҳсоли сиёҳолу дар ноҳияи Спитамен бунёди боғоти сиёҳолу идома дорад.

Сулаймонзода Акрам Раҳим,раиси ноҳиям Спитамен, дирӯз дар ҷараёни идомаи ташкили бунёди боғи сиёҳолу дар хоҷагии деҳқонии «Боғи олу»-и ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи А.Бобоеви Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳия иштирок намуда, бо боғпарварон мулоқот анҷом дод.

Зимни идомаи шинонидани ниҳолҳои сиёҳолу дар хоҷагии деҳқонии мазкур зикр гардид, ки ташкили боғи сиёҳолу соли гузашта оғоз шуда, дар он сол дар майдони 6 гектар ниҳолҳои сиёҳолу бунёд гардида буд.

Боғпарварони хоҷагии деҳқонии мазкур бунёди боғро дар заминҳои чарогоҳ соли ҷорӣ низ идома дода, ният доранд, ки имсол дар майдони 4 гектар 600 адад бех ниҳоли сиёҳолу ва дар майдони 1 гектар ниҳоли себ шинонида, миқдори ниҳолҳоро дар маҷмӯъ ба 2 ҳазор адад расонанд.

Хотиррасон мешавем, ки хоҷагии деҳқонии «Боғи олу» дар минтақаи чарогоҳи деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳия дар майдони 11 гектар ташкил шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен. Дар майдони 4 гектар боғи сиёҳолу бунёд мешавад