Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Дар Конибодом бахшида ба Рӯзи матбуот конфронс доир шуд

( 0 Овоз )

Дар коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи матбуот, ки санаи 11 март таҷлил мешавад, таҳти унвони «Таърихи пурғановати рӯзномаи мо» конфронси адабӣ баргузор гардид.

Дар конфронс сармуҳаррири рӯзномаи маҳаллии «Садои Конибодом» Абдусаттор Содиқов аз таърихи таъсисёбии  рӯзнома ёдовар шуда, зикр намуд, ки ҳанӯз аз соли 1932 нахустин шумораҳои рӯзнома ба табъ расидаанд ва то имрӯз «Садои Конибодом» рисолати худ - инъикоси воқеии ҳаёти шаҳр ва мардуми онро иҷро намуда истодааст. Мавсуф иштирокдорони конфронсро бо шумораҳои солҳои аввали рӯзнома, ки дар бойгонии идораи рӯзнома нигоҳдорӣ шудаанд, бевосита ошно намуд.

Дар конфронс омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баромад намуда, перомуни забон ва услуби баён, риояи ҳамаҷонибаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳангоми таҳияи маводҳо фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Конибодом бахшида ба Рӯзи матбуот конфронс доир шуд