Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Дар Анҷумани дуюми минтақавии шартномабандӣ-2017 наздик 20 шартнома ба имзо расид

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Рӯзҳои 24-25-уми феврали соли равон дар Маркази таълимию истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон Анҷумани дуюми минтақавии шартномабандӣ-2017 баргузор гардид.

Соли дуюм аст, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чунин Анҷуман доир мегардад. Дар ин чорабинии ҳадафманд беш аз 150 хоҷагидору соҳибкорон, масъулини мақомоти гуногуни марбути соҳаҳои иқтисодиёти шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони давлатҳои Федератсияи Россия, Қирғизистон ва Белорус ширкат варзиданд.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба кори Анҷуман ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки ҳадафи баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароиту имконият бобати тақвият бахшидани муносибатҳои корӣ ва тиҷоратӣ, самтҳои дурнамои коркарди маҳсулот ва маблағгузорӣ, муҳокимаи имконоту шароитҳо, бастани шартномаҳо оид ба фаъолияти содироту воридоти маҳсулот мебошад.

Мутахассисон ва меҳмонон доир ба номгӯи молу маҳсулот, хизматрасонӣ дар бозори иқтисодӣ ва пайдо намудани мавқеи худ дар тиҷорат изҳори ақида намуданд. Аз ҷумла, Дмитрий Прохоренко – намояндаи ҶС «Маркази содиротии Русия» дар мавзӯи «Равзанаи ягонаи дастгирии воридоти ғайриашёӣ», Юрий Шевсов бобати «Раванди бозори ҳамкории иқтисодии Авроосиё, муаммо ва дурнамо», (Белорус), Азимхон Тӯраев аз ширкати «Нексигол - навъовар» дар хусуси «Иноватсия дар ҷаҳони содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ», сардори Раёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода дар бораи иқтидори содиротии маҳсулоти меваю сабзавоти вилояти Суғд ва дигарон баромад намуданд.

Иштирокдорон баргузории ин тадбирро аз ҳар ҷиҳат судманд арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки ин иқдом баҳри баланд бардоштани сифату афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва нерӯи содиротии он мусоидат хоҳад кард. Дар доираи Анҷумани дуюми минтақавии шартномабандӣ-201» наздик 20 адад шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Боиси тазаккур аст, ки меҳмонони анҷуман инчунин аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилоят, аз ҷумла «Қасри маданияти Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» боздид ба амал оварданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд








Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Анҷумани дуюми минтақавии шартномабандӣ-2017 наздик 20 шартнома ба имзо расид