Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26

Боздиди сафири Фаронса аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ташриф овард.

Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ хонум Ясмин Гуедарро ба яке аз донишгоҳҳои бузурги кишвар хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 19 ҳазор донишҷўён аз рўйи беш аз 60 ихтисос дар 16 факултет таълим гирифта истодаанд. Дар донишгоҳ ба масоили омўзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти махсус дода шуда, ба донишҷўён забонҳои англисӣ, арабӣ, форсӣ, хитоӣ, немисӣ, русӣ, ўзбекӣ, ва ғайраҳо омўзонида мешавад.

Сафири Фаронса Ясмин Гуадер изҳор дошт, ки бори аввал ба ин донишгоҳи бузург ташриф овардааст ва ҳавасаманди ҳамкории мутақобила дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ ва мубодилаи таҷрибаи донишгоҳҳо мебошад.

Сафир изҳор дошт, ки дар ояндаи наздик дар назди ДДХ ба номи кадемик Бобоҷон Ғафуров гўшаи фаронсавиро таъсис намуда, шояд дар ояндаи наздик омўзиши ихтисоси фаронсавӣ низ роҳандозӣ карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот муносиботи ҳасанаи ду кишвар, мубодилаи илму иттилоот, табодули таҷрибаҳои донишгоҳҳои тарафҳо, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ ба сафир китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро бо забони англисӣ ва намунаи эҷоди тасвирии донишҷўёнро тақдим кард.

Сипас, сафири Фаронса Ясмин Гуадер дар Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳонаш аз факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ дидан намуд. Бояд гуфт, ки зимни боздид сафири Фаронсаро муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди сафири Фаронса аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров