Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Исфара. Сарбозону афсарони беҳтарин бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд

( 0 Овоз )

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Исфара ба муносибати 24-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид.

Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ иштирокдорони тантана, сарбозону афсарон ва кулли мардуми шарифи Исфараро бо ин санаи муҳим самимона табрик карда, аз нақши пурарзиши ҳомиёни Ватан дар ҳифзи сулҳу субот ва марзу буми кишвар ёдовар гашт.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 24 соли мавҷудият рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда истодаанд. Дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд.

Раиси шаҳр ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург мегузоранд.

Сипас зери оҳанги ҳарбии мутантан раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба беҳтарин сарбозону афсарон ва фаъолон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро супорид.

Барномаи консертии муштараки сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва ҳунарпешагони бахши фарҳанги шаҳр анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Сарбозону афсарони беҳтарин бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд