Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар»муайян гаштанд

( 0 Овоз )

Санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими дӯстӣ, ташвиқоти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бахшида ба 24-солагиии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 8-9 уми муассисаҳои таълимии вилоят даври вилоятии озмуни ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.

Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Деваштич ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд. Озмун аз рӯи шартҳои машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, сӯхторнишонӣ ва таҳияи рӯзномаи деворӣ гузаронида шуда, аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят баҳогузорӣ карда шуд.

Дар ҷамъбаст аз рӯи ҳамаи шартҳо ҷойи якум насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм насиби дастаи шаҳри Конибодом ва ҷойи сеюм насиби дастаи ноҳияи Мастчоҳ гардида, ғолибону иштирокчиёни фаъол бо диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ гаштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар»муайян гаштанд