Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ - 11.12.2017 11:40
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун - 11.12.2017 11:38
Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 11:36
РАТС ШОС всегда открыта для сотрудничества в интересах консолидации международных усилий по борьбе c терроризмом - 11.12.2017 10:04
Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард - 08.12.2017 12:20
СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд - 08.12.2017 10:39
Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт - 08.12.2017 10:37
Ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи молия - 07.12.2017 16:50
Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд - 07.12.2017 15:41
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд - 07.12.2017 11:53

“Занон баробари мардон дар як саф қарор дошта, барои ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омодаанд”

( 0 Овоз )

Дар толори Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба 24 – умин солгарди Рўзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ таҳти унвони «Артиш – сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум» баргузор гардид.

Дар он намояндагони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, сарбозон, кормандони қисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва ҳамчунин, ҷанговарони интернатсионалист иштирок намуданд.

Чорабиниро Иброҳим Иброҳимов - Омири кулли Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо ҷашни Артиши миллии кишвар муборакбод кард.

Муовини Комиссари ҳарбии вилоят, полковник Музаффар Ихтиёров зикр дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат аст. Қувваҳои Мусаллаҳ замоне таъсис ёфтааст, ки фазои кишвар ноором буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, нахустин паради ҳарбӣ 23-юми феврали соли 1993 баргузор гардид. Имрўз бо шуҷоати ҷавонмардони кишвар сафи хизматчиёни артиш торафт зиёд гардида, барои ҳимояи марзу буми кишвар омодаанд.

- Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шараф аст, - қайд намуд зимни суханронӣ капитани Раёсати қўшунҳои дохилии қисми ҳарбии 3501 Гулчеҳра Олимҷонзода - Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад. Имрўз занони тоҷик низ барои оромии Ватани азизи хеш дар қисмҳои низомӣ фаъолият намуда истодаанд. Занон баробари мардон дар як саф қарор дошта, барои ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омодаанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ афсарон бо суруд ва шеърҳои ватанпарастонаи хеш табъи ҳозиринро болида намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “Занон баробари мардон дар як саф қарор дошта, барои ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омодаанд”