Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар Донишкадаи политехникӣ

( 0 Овоз )

Ба ифтихори 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки устодон ва шогирдон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ аҳли нишастро бо ин санаи фархунда шодбош намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Артиши миллии кишвар дар шароити ҳассос ва мушкил арзи ҳастӣ намуда, бо шарофати ғамхорӣ ва дастгирии пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 24 сол ба нерӯи бузурги ҳимояи марзу бум табдил ёфтааст ва оромии ҷомеа ба маҳорату мардонагии фарзандони шуҷои миллат вобастагии калон дорад.

Сипас директори донишкада ба як қатор устодон- Акрамов Абдуқодир, декани факултети сохтмон ва нақлиёт, Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълим, Парвиз Солиев, мудири шӯъбаи системаи итиллоотии донишкада, Раънохон Исомадинова, роҳбари Маркази таҳсилоти фосилавӣ, Фарҳод Бобокалонов, сармутахассиси Маркази тестӣ, Ҳамрохон Раҳимова, устоди кафедраи дизайн ва  меъморӣ, Муҳаббат Юсупова, мудири шӯъбаи бақайдгирии донишкада нишони сарисинагии Аълочии маориф ва имли кишвар ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро дар вазъияти тантанвӣ супорид.

Аз ҷониби бонувон ва донишҷӯёни фаъоли донишкада саҳначаҳои диданӣ, рақсу сурудҳои дилошӯб, видеороликҳои хотирмон пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар Донишкадаи политехникӣ