Хабарҳо
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ - 24.03.2017 10:33
Оғози фаъолияти ҶДММ "Баракат Исфара" дар шаҳри Исфара - 24.03.2017 10:24
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд - 24.03.2017 09:19
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва иштирок дар базми наврӯзии 500 кӯдаки ятим - 23.03.2017 13:14

Чорабинии идона дар қисми низомии 04080

( 0 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 04080 ҷамъомади бошукуҳ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ,  сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва вазорати дифоъ, ҷанговарони байналмилал, иштирокдорони барқароркунии сохти конститутсионӣ, садамаи Чернобил, инчунин намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Ғ.Боҳирӣ ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони шаҳр, хоса ҳомиёни Ватанро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шодбош гуфта, сиҳативу саломатӣ, хушбахтиву осудаҳолӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд. Ӯ аз ҷумла, қайд намуд, ки Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад. Баъдан Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҳасанов Қаҳҳор, муовини сарвари ташкилоти барқароркунандагони сохти конститутсионии шаҳр Улмасҷон Ашӯров, сарбози қатории қисми низомии 04080 Назиров Ҷамолиддин суханронӣ намуданд.

Чанде аз фаъолон, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр ба муносибати ҷашни 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизматҳои арзандаашон бо медалҳои ҷашнӣ, сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Чорабинии идона дар қисми низомии 04080