Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳияи Ашт чорабинӣ баргузор шуд

( 0 Овоз )

Имрӯз, 23 феврали соли ҷорӣ бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 14356“б”-и ноҳияи Ашт чорабинии идона доир гардид.

Чуноне аз ноҳияи Ашт иттилоъ доданд, дар чорабинӣ и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо, прокурори ноҳия Раҳмонзода Абдусамӣ Қодир, коммиссари ҳарбии ноҳия Салмонов Қурбоналӣ, сардори ШВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Зикриё Абдуазизов ва сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ иштирок намуданд.

Зариф Мирдадо афсарону сарбозонро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт ва барои онҳо саодати рӯзгорро таманно намуд.

Дар идома Зариф Мирдадо қайд намуд, ки сафи ҷавонони хоҳишманд барои адои хизмати Модар-Ватан аз ҳудуди ноҳияи Ашт зиёд гардида, онҳо довталабона ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба як қатор сарбозон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуда барои болидахотирии сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳияи Ашт чорабинӣ баргузор шуд