Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои солимгардонӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ - 26.05.2017 16:48
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ барои ҷавонону наврасон дар шаҳри Гулистон - 26.05.2017 09:56
Дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ аз “Истиқлол” шикаст хӯрд - 26.05.2017 09:45
Ашт. Оғози содироти зардолуи тар ба Федератсияи Россия - 26.05.2017 09:13
Баргузории машварати кории Раиси вилоят дар Қасри Арбоб - 25.05.2017 16:37
Дар Истаравшан боғи истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 25.05.2017 13:41
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Истаравшан - 25.05.2017 13:38
Ба пешвози ҷашни Ваҳдати миллӣ корҳои ободонӣ дар Конибодом вусъат меёбанд - 25.05.2017 11:08
Дар вилояти Суғд беш аз 519 ҳазор кӯдакон эм карда мешаванд - 25.05.2017 09:53
Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон /АКС/ - 24.05.2017 16:14

Таъсиси 45 гранти Раиси вилоят барои рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор

( 2 Овоз )

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва бо мақсади идомаи дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор дар соли равон 45 гранти Раиси вилояти Суғд таъсис дода мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилоят аз 21 феврали соли 2017, №70 ба тасвиб расид.

Тибқи ин қарор 45 гранти Раиси вилоят, аз ҷумла 10 грант ҳар яке 10 000 сомонӣ, 10 грант ҳар яке 8 000 сомонӣ ва 25 грант ҳар яке 5 000 сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор муайян карда мешавад.

Грантҳои Раиси вилоят ба занҳои ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ҷавобгӯй ба талаботи қоидаҳо буда, ба рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон нигаронида шудаанд, ҷудо карда мешавад.

Занони соҳибкор ва ҳунарманде, ки хоҳиши дарёфти гранти Раиси вилоятро доранд, метавонанд ба шӯъба ва раёсатҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таъсиси 45 гранти Раиси вилоят барои рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор