Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Бахшида ба “Соли ҷавонон” ва Рӯзи байналмилалии оила Фестивал-озмуни вилоятии “Гулдухтарони суғдӣ” доир мешавад

( 1 Овоз )

Бахшида ба “Соли ҷавонон” ва Рӯзи байналмилалии оила моҳи майи соли равон дар вилояти Суғд Фестивал-озмуни вилоятии “Гулдухтарони суғдӣ” гузаронида мешавад.

Фестивал-озмуни вилоятии “Гулдухтарони суғдӣ”бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқ намудани бунёди оилаи солим, тарзи муошират дар оиладорӣ, муносибати хуби байниҳамдигарӣ, сабру таҳаммул, иззату эҳтиром, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, одоби рӯзғордорӣ ва маҳорати кадбонугӣ гузаронида мешавад.

Фестивал-озмун дар ду давр аз рӯи 5 шарт гузаронида шуда, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар сатҳи вилоят баргузор мегардад.

Иштирокчиёне, ки дар даври аввал ғолиб омадаанд ба даври дуюм роҳ дода мешаванд. Дар Фестивал бонувони аз 16 то 30 сола метавонанд иштирок намоянд.

Хоҳишмандон барои иштирок намудан дар Фестивал-озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» метавонанд ба шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи худ муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба “Соли ҷавонон” ва Рӯзи байналмилалии оила Фестивал-озмуни вилоятии “Гулдухтарони суғдӣ” доир мешавад