Хабарҳо
Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Гулистон 100 фоиз иҷро шуд - 28.04.2017 11:04
Бинои Маркази минтақавии хизматрасонӣ барои пиронсолон ва маъюбон пас аз таҷдид ба истифода дода шуд - 28.04.2017 10:57
Зариф Мирдадо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт интихоб гардид - 28.04.2017 10:54
Баргузории иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 28.04.2017 10:50
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21

«Суди девонагон»-и театри Конибодом дар Фестивали байналмилалии Ҳиндустон намоиш дода шуд

( 1 Овоз )

Аз 1 то 21 феврали 2017 дар Ҳиндустон Фестивали байналмилалии «Bharat Rang Mahotsav», ки бо мақсади рушди санъати театрӣ дар Ҳиндустон аз ҷониби Маркази миллии драматургияи Ҳиндустон ташкил шудааст, баргузор гардид.

Ҳамасола дар ин фестивал садҳо намоиши беҳтарини театрҳои Ҳиндустон ва кишварҳои дигари Осиё иштирок мекунанд. Дар қатори даҳҳо кишварҳои хориҷӣ аз Осиёи Миёна танҳо аз Тоҷикистон Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бо спектакли «Суди девонагон», ки аз рӯи асарҳои Шекспир «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир» ба саҳна гузошта шудааст, иштирок кард. Намоишҳои асосӣ дар Деҳлии Нав ва ҳамзамон дар панҷ шаҳри Ҳиндустон ба намоиш гузошта шуданд.

Спектакли Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом 13 феврал дар шаҳри Ҳайдаробод ва шоми 16 феврали соли 2017 дар саҳнаи Маркази миллии драматургияи Ҳиндустон дар Деҳлии Нав ба намоиш гузoшта шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Суди девонагон»-и театри Конибодом дар Фестивали байналмилалии Ҳиндустон намоиш дода шуд