Хабарҳо
Маркази саломатии “Оббурдон” ғолиби озмуни ноҳиявӣ шуд - 18.08.2017 14:08
16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд - 18.08.2017 14:06
Суғд: Истеҳсоли семент нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 маротиба зиёд шуд - 18.08.2017 09:13
Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад - 18.08.2017 08:35
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ба анҷом расид - 17.08.2017 14:23
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ /АКСҲО/ - 17.08.2017 13:37
Суғд: 37 корхонаи нав бо 371 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд - 17.08.2017 10:17
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд ба 5,1 млрд. сомонӣ расонида шуд - 17.08.2017 10:10
24 август Фестивал-озмуни “Оши палав” баргузор мешавад - 17.08.2017 09:51
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50

“Артиши миллӣ-ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар”- конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДХ

( 0 Овоз )

Дирӯз дар толори калони раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалии “Артиши миллӣ- ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар”бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ сурат  гирифт.

Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ нишастро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилоти солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба мо муяссар шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор карда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таъсис диҳем. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, ки «Артиши миллии худро дар шароите таъсис додем, ки соддатарин воситаҳои ҷангӣ ва оддитарин шароити зиндагӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ вуҷуд надоштанд. Ба ибораи дигар, мо артишро дар ҷойи воқеан холӣ таъсис додем ва имрӯз, чунонеки мебинед, таъминоти ҷузъу томҳо ва шароити зиндагиву хизмати низомиёнро тадриҷан ба талаботи замона мутобиқ гардонида истодаем».

Анвар Мақсудӣ ҷавонон, мардони шуҷоъи Ватанро бо Рўзи Артиши миллӣ таҳният намуда, ба ҳар шаҳрванде, ки таҳти Парчами давлати соҳибистиқлоламон суботу оромии кишвар, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеаро таъмин мекунад, саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ орзу намуд.

Сипас, Маҳбуби Нурзод, сардори зершӯъбаи корҳои сиёсӣ - тарбиявии қисми ҳарбии 3501 дар мавзуъи “Нақши артиши миллӣ дар тарбияи ҷавонони кишвар”, Мўҳсин Юсупов, корманди шӯъбаи назоратӣ - ташкилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, доир ба “Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва саҳми он дар иқтидори мудофиавии Артиши миллӣ” ва Ҷ.Ҷамолов, мудири кафедраи омодагии дифои ҳарбии факултети тарбияи ҷисмонии донишгоҳ оид ба “Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рукни истиқлолияти давлатӣ” маърузаҳои илмӣ ироа намуданд.

Баъдан филми мустанад аз таърихи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Донишҷуёни факултети тарбияи ҷисмонӣ оид ба тарзи истифодаи силоҳи ҷангӣ, муқовимат бо душман, ҳимоят аз аҷнабиён машқҳои низомии хешро пешкаши тамошобинон намуданд. Аз тарафи донишҷўёни факултети санъати донишгоҳ суруду таронаҳо қироат карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “Артиши миллӣ-ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар”- конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДХ