Хабарҳо
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41

Абдураҳмон Қодирӣ қарор дар бораи гузаронидани озмуни “Хомаи созанда-2017” –ро имзо намуд

( 0 Овоз )

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 20 феврали соли 2017, № 69 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Хомаи созанда-2017” ба тасвиб расид.

Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони васоити ахбори оммаи вилоят дар номинатсияҳои ««Соли ҷавонон» ва масъалаҳои актуалии  ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба саноат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», «Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ», инчунин “Инъикоси дастовардҳои Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ” гузаронида мешавад.

Дар асоси низомномаи тасдиқгардида ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд. Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҷоиз ба таъкид аст, ки ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад. Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2017» пешниҳодшуда  бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2017 то 1 октябри соли 2017 пахш ва ё нашр гардида бошад. Мӯҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун  аз 1-ум то 20-уми октябри соли 2017 муқаррар карда мешавад.

Барои ғолибон маҷмӯан 150 000 сомонӣ мукофот тақдим карда мешавад.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ озмуни мазкур чор сол инҷониб баргузор мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Абдураҳмон Қодирӣ қарор дар бораи гузаронидани озмуни “Хомаи созанда-2017” –ро имзо намуд