Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Бӯстон. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ стипендияи раиси шаҳрро дарёфт мекунанд

( 1 Овоз )

Санаи 21 феврал дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон мулоқоти раиси шаҳр Рухсора Давлатзода бо ҷавонони касбу кори гуногун доир гардид.

Нахуст Рухсора Давлатзода эълон гардидани “Соли ҷавонон”-ро аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки бо ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди кору таҳсил ва зиндагии шоистаи ҷавонон иқдомоти судманд рӯи кор гирифта мешавад.

Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба илму ҳунаромӯзӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногунсатҳи варзишӣ шаҳрдори Бӯстон пешниҳод намуд, ки ба ғолибони мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ стипендияи раиси шаҳр дода шавад.

Сипас, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилов ва ҷавонони касбу кори гуногун оид ба дастгирии давлатии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, зикр доштанд, ки дар соли 2017 ҷиҳати ноил гардидан бо дастовардҳои назаррас аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд намуд.

Дар интиҳои мулоқот аз ҷониби раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ба ҷавонон китобҳои гуногун эҳдо гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бӯстон. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ стипендияи раиси шаҳрро дарёфт мекунанд