Хабарҳо
Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Динамо" бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид - 21.04.2018 12:34
Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд - 21.04.2018 08:06
Ятимон дар нимароҳ намемонанд - 21.04.2018 08:00
Идомаи боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 20.04.2018 14:10
Аз 20 то 22 апрел Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад - 20.04.2018 11:19
Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» - 20.04.2018 09:18
Баргузории даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ - 20.04.2018 09:16
Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 20.04.2018 09:14
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” дар ноҳияи Ашт - 20.04.2018 09:12
Истаравшан. Дар шаш корхонаи хурди истеҳсолии навтаъсис наздик 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд - 19.04.2018 14:07

Баргузории ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ барои ҷавонон дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Бахшида ба “Соли ҷавонон” тибқи нақшаи якҷояи шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бо мақсади бо ҷои корӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва ҷавонони маркази вилоят ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид.

Дар ярмаркаи мазкур, ки дар Регистони Панҷшанбеи маркази вилоят доир шуд, беш аз 500 нафар сокинони шаҳр, ҷавонон, хатмкунандагони коллеҷҳо ва литсейҳои касбӣ - техникӣ иштирок намуданд.

Дар ярмарка аз ҷониби 30 корхонаю ташкилот беш аз 300 ҷойҳои корӣ пешниҳод гардида, дар натиҷа зиёда аз 60 нафар сокинони шаҳр соҳиби роҳхат ба корхонаҳо  гардиданд. Ҳамзамон 40 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ номнавис гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ барои ҷавонон дар Хуҷанд