Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Ашт. Дар масоҳати 2,95 гектар бозори нав бунёд шуд

( 0 Овоз )

Санаи 17-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бозори нав мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи бозиор и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Абдусалом Қаҳҳоров боз як бозори нави ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бунёд шуд, ки барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти хушсифат мусоидат мекунад.

Дар идома Зариф Мирдадо ба Қаҳҳоров Абдусалом ва ба шахсоне, ки дар бунёди ин маркази савдо саҳмгузорӣ кардаанд минатдорӣ баён намуда, гуфт: “Умед аз он дорам, ки минбаъд низ соҳибкорон дар корҳои ободонии диёр ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум боз ҳам хизматҳои арзанда менамоянд”.

Зимнан, сохтмони бозор дар ҷамоати деҳоти Ориён моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида, моҳи январи соли 2017 ба итмом расонида шуд. Он бо харҷи 1 миллиону 215 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 2,95 гектар бунёд гардидааст. Дар бозори нав барои зиёда аз 50 нафар сокинон ҷои корӣ таъсис дода шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ашт. Дар масоҳати 2,95 гектар бозори нав бунёд шуд