Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилоят иваз карда шуд

( 0 Овоз )

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва ноҳияҳои Ашту Спитамени вилояти Суғд дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент номи деҳаҳои Муғулони поён ба Сафобахш, Қизилҷар ба Зарринрӯд, Камартош ба Камардашт, Ҷомбулоқ ба Ҷомчашма, Тегирмонтеппа ба Осиёбтеппа, Кӯктош ба Кабудсанг, Қичиқ Шӯрнова ба Шӯроноваи хурд табдил дода шуданд. Бояд тазаккур дод, ки деҳаҳои мазкур дар ҳудуди деҳоти Амондара, Саразм, Косатарош ва деҳоти ба номи Халифа Ҳасан воқеанд.

Ҳамзамон дар шаҳри Конибодом ду деҳа - деҳаи Шаҳидқароянтоқ ба деҳаи Диловарон ва деҳаи Яккатерак ба деҳаи Сафедорак табдили ном карданд. Инчунин дар ноҳияи Ашт деҳаи Қӯрғонча ба Қалъача ва Қамишқӯрғон ба Хуҷистон иваз карда шуданд. Дар ноҳияи Спитамен номи чор деҳа- деҳаи Оқтеппа ба Сафедтеппа, Фармонқӯрғон ба Фармонқалъа, Саидқӯрғон ба Саидқалъа ва Қӯштегирмон ба деҳаи Сариосиё табдил дода шуданд.

Ҳадафи асосии иваз кардани номҳои маҳалҳои аҳолинишин татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», эҳёи номҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, ки аз қадимӣ будани ин мавзеъҳо шаҳодат медиҳанд, ба шумор меравад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилоят иваз карда шуд