Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Оқилзода Бахтиёр раиси Суди вилояти Суғд таъин шуд

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Бахтиёр раиси Суди вилояти Суғд ва Мирзозода Рустам раиси Суди вилояти Хатлон таъйин гардиданд.

Ҳамчунин раисони суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Истиқлоли вилояти Суғд, ноҳияҳои Қубодиён ва Вахши вилояти Хатлон, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Тоҷикобод ва раисони суди ҳарбии гарнизонҳои Хатлон ва Душанбе таъйин шуданд. Ҳамчунин қариб 60 нафар коромӯз-судяҳо бори аввал дар мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фаъолият оғоз мекунанд.

Аксарияти кадрҳои ба вазифаҳои судяи шаҳру ноҳияҳо таъйингардида мутахассисони ҷавону лаёқатманд ва соҳибтаҷриба буда, аз ҳисоби коромӯз-судяҳое мебошанд, ки баъди гузаштан аз озмун муддати як сол дар Маркази таълимии судяҳо таҳсил кардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои ба зинаҳои роҳбарии судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйингардида, ки аксарияташон ҷавонони корозмуда мебошанд, хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии давлат, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адолати судӣ ва муҳимтар аз ҳама, волоияти қонунгузории мамлакатро талаб намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оқилзода Бахтиёр раиси Суди вилояти Суғд таъин шуд