Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

“Пайғоми ҷавонони Суғд” - лагери маърифативу солимгардонии ҷавонони фаъоли вилоят

( 2 Овоз )

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон карданд. Ин иқдоми нек ва бамаврид аз таваҷҷўҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон шаҳодат медиҳад.

Бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои 250 нафар ҷавонони фаъоли вилоят аз санаи 4 то 9-уми феврали соли 2017 дар Истироҳатгоҳи солимгардонии кўдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Пайғоми ҷавонони Суғд” лагери маърифативу солимгардонии ҷавонони фаъоли вилоят ташкил карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳии лагери мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ  перомуни Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони фаъол  мулоқот намуд.

Дар лагери маърифативу солимгардонии ҷавонон маҳфилҳои мубоҳисавӣ, намоиши филмҳо, муаррифии асари Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор”, мизи мудаввар, бозии интеллектуалӣ – варзишии “Дўстӣ”, барномаи фарҳангӣ  гузаронида шуданд.

Дар давоми 6 рўз маҳфили мубоҳисавӣ таҳти унвони «Маърифати оила ва оиладорӣ» гузаронида шуда, сардори Раёсати кор бо занон ва оила Н. Мирзозода, муовини сардори Раёсат М.Мавлонова, сардори шўъбаи ташкилии хизматрасонии тиббӣ ба модару кўдаки Раёсати тандурустии вилоят И. Акмалҳўҷаева, собиқадори меҳнат, аъзои Шўрои фаъолзанони вилоят  М. Бузурукова  мудири шўъбаи кор бо занон ва оили ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд М. Негматова, раиси бахши вилоятии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Қ. Мирзоева,  намояндагони Маркази солимгардонии репродуктивии вилоят Р. Меҳмонова ва   М. Усмонова доир ба ин мавзӯъ суханронӣ ва баромад намуданд.

Санаи 8-уми феврали соли равон бо ҷалби намояндагони се насл таҳти унвони «Адаб сармояи зиндагист» ток-шоу баргузор гардида,  оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “Пайғоми ҷавонони Суғд” - лагери маърифативу солимгардонии ҷавонони фаъоли вилоят