Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23
Оғози чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 25.04.2017 09:19
Спитамен: Тавассути баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ 39 нафар бо кор таъмин шуданд - 25.04.2017 09:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави таваллудхонаи марказӣ дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 13:16
Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид - 24.04.2017 13:13
Ҷамъбасти «Ҳафтаи конфронсҳои илмӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - 24.04.2017 13:09
Баргузории машварати корӣ бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 08:49
Ваҳдати миллӣ-асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон - 21.04.2017 10:25

Ғайбулло Боҳирӣ дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯён мулоқот орост

( 0 Овоз )

Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ бо донишҷӯёни шаҳри Конибодом, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки дар партави ташаббуси Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон доштани “Соли ҷавонон” роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст,  ки дар баробари кӯшишу талошҳо дар самти муҳайё кардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонони шаҳр, ҳамзамон ба тарбияи маънавии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Баъдан академик Акбар Турсон аз таърихи 3000 солаи шаҳри бостонии Конибодом ҳарф зада, донишҷӯёнро ба омӯхтани илмҳо ҳидоят намуд. Ҳамчунин дар мулоқот Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Раҷабов иштирок ва баромад намуда, зикр кард, ки имсол “Соли ҷавонон” аст ва донишҷӯён чун шахсиятҳои пешсаф бояд машъалафрӯзи ҷомеа бошанд.

Сипас донишҷӯён ба раиси шаҳр саволу дархост ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Шаҳрдор дар фарҷом изҳори умед намуд, ки ҷавонони баору нанги диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо намуда, дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азиз саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғайбулло Боҳирӣ дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯён мулоқот орост