Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Мулоқоти генерал Шариф Назарзода бо донишҷўёни ДДХ

( 0 Овоз )

Дирўз дар толори Кохи Рўдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт.

Нахуст, сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Шариф Назарзода доир ба вазъи ҷинояткорӣ аз тарафи наврасону ҷавонон маълумот дода, оид ба оқибатҳои нангини ҷинояткорӣ андешаронӣ кард.

Сипас  донишҷӯён роҷеъ ба ташкил кардани гуруҳи тарғиботӣ - ташвиқотӣ аз ҳисоби  донишҷўёни фаъол дар ҳамкорӣ бо намояндагони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, фаъолияти духтарону ҷавонзанон дар сафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории донишўён дар дружинаи ихтиёрии  мақомоти корҳои дохилӣ ва ғайра суолу пешниҳодот ироа карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Сипас, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ сухан гуфта, афзуд, ки Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Дар раванди татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ доираи ихтисосҳои хешро васеъ намуд, тараққӣ кард ва ҳамчун боргоҳи маърифатӣ ва маскани тарбияи наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон дар равнақу шукуфоии мамлакатамон нақши  муассир  мегузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти генерал Шариф Назарзода бо донишҷўёни ДДХ