Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Баргузории чорабиниҳо бахшида ба 28-умин солгарди аз марзи Афғонистон бароварда шудани Қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ

( 0 Овоз )

Бахшида ба 28-умин солгарди аз марзи Афғонистон бароварда шудани Қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои идона баргузор гардид.

Аз ҷумла, чунин як чорабинӣ дар ноҳияи Спитамен доир шуд, ки дар он раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, ҷанговарони интернатсионалист ва раисони ҷамоатҳо иштирок намуданд.

Қабл аз оғози чорабинии тантанавӣ ҳамаи иштирокчиён дар мавзеи “Ёдгорӣ” барои шаҳидони ин ҷанг, ки дар боғи фарҳангӣ-фароғатии маркази ноҳия мавҷуд аст, як лаҳза сукут варзида, хотираи сарбазону афсароне, ки дар ин ҷанг қурбон гаштаанд пос дошта, ба зери пояи ёдгорӣ гулчамбар гузоштанд.

Дар «Майдони Қаҳрамонон»-и шаҳри Конибодом низ бахшида ба ин сана ҷамъомади тантанавӣ бургузор гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳр, роҳбарони ташкилоту сохторҳо, аъзоёни Иттифоқи шаҳрии ҷанговарони байналмилал, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи Чернобил, собиқадорони меҳнат, фаъолон ва ҷавонону наврасон ширкат варзиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории чорабиниҳо бахшида ба 28-умин солгарди аз марзи Афғонистон бароварда шудани Қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ