Хабарҳо
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41

Дар ДДХ озмуни «Муаллими сол» баргузор мегардад

( 0 Овоз )

Бо мақсади татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2016  ва ба ифтихори “Соли ҷавонон” бо ташаббуси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол» баргузор карда мешавад.

Дар ин бора мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ Саидқаҳҳор Ёқубов иттилоъ дод.

Ин манбаъ фзуд, ки озмуни мазкур барои баланд бардоштани дараҷаи салоҳиятнокӣ ва сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон  нигаронида шуда, дар озмун омӯзгорони ҷавони то синни 35-сола илмӣ иштирок карда метавонанд. Зинаи аввали озмун дар сатҳи кафедра, зинаи дуюм дар сатҳи факултет ва зинаи сеюм дар сатҳи донишгоҳ гузаронида мешавад.

Ғолибони озмуни  умумидонишгоҳии «Муаллими сол» аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар рӯзҳои таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ДДХ озмуни «Муаллими сол» баргузор мегардад