Хабарҳо
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41

Сипосмандии 100 нафар маорифчиёни вилоят

( 0 Овоз )

Тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷўҳу эътибори хоссаи Шумо соли сеюм аст, ки дар таътили зимистона ва тобистона омўзгорони пешқадаму ботаҷриба ва собиқадорони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истироҳат ва табобати ройгон фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла, дар таътили зимистонаи имсола мо - 100 нафар маорифчиён туфайли дастгирии навбатии Шумо дар Корхонаи воҳиди давлатии «Осоишгоҳи Шифо»-и шаҳри Гулистон бо истироҳату табобат фаро гирифта шудем.

Бояд гуфт, ки тибқи вазифагузории Шумо бароямон дар осоишгоҳ тамоми шароити зарурӣ фароҳам буд. Илова бар ин намояндагони Раёсати маорифи вилоят мунтазам аз аҳволамон бохабар шуда меистоданд. Табобату истироҳати дуҳафтаина ба ҳар кадоми мо рўҳу илҳоми тоза бахшид, меҳру муҳаббат ва ҳавасмандиамонро ба касбу кори хеш зиёдтар кард, ба тақвияти дўстию рафоқат дар миёни маорифчиёни шаҳру ноҳияҳои гуногун мусоидат намуд. Мо бо рўҳи болидаю хотири осуда ба таълимгоҳҳои худ бармегардем.

Ғамхорию дастгирӣ, таваҷҷўҳи хосса, имконияту имтиёзҳои фароҳамовардаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан Шумо – Раиси мўҳтарам водор менамоянд, ки мо – маорифчиён баҳри боз ҳам баландтар бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстию худшиносӣ ва афзун гардонидани дастовардҳои соҳа беш аз пеш кўшиш ба харҷ диҳем.

Бо истифода аз фурсат миннатдорӣ ва сипоси бепоёни маорифчиён – истироҳаткунандагонро ба Шумо, мўҳтарам Раис расонида, дар ҷавоби ин ғамхорӣ тамоми саъю талоши худро барои гул-гулшукуфии Ватану ободии диёр ташкилу сафарбар менамоем.

Бо эҳтиром аз номи 100 нафар истироҳаткунандагони“Осоишгоҳи Шифо” - омўзгорон:

Парвиз Зайлобиддинов – омўзгори МТМУ №4, ноҳияи Ашт,

Нигина Мирзалиева – омўзгори Литсейи №2, ноҳияи Ашт,

Мўъмин Рауфов – омўзгори Литсейи №1, шаҳри Хуҷанд,

Муҳаммадҷон Зарифов – омўзгори мактаби хусусии «Рустамов», шаҳри Хуҷанд,

Мунира Иброҳимова – омўзгори мактаби хусусии «Паймони азизон», шаҳри Хуҷанд,

Ҳикматулло Саидзода – омўзгори Литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд,

Маърифат Шарофиддинова – омўзгори Литсейи №5, шаҳри Исфара,

Қуддус Рабиев – омўзгори Литсейи №5, шаҳри Исфара.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сипосмандии 100 нафар маорифчиёни вилоят